5 Октябр 2025 - 21:59
Source: Parstoday
Ахбор | Ҳамкории Эрон ва Чин барои сафар ба моҳ / Шайх Наъим Қосим: Тарҳи Трамп барои Ғазза, пур аз хатар аст

Раиси Созмони фазоии Эрон аз ҳамкории Теҳрону Пекин барои сафар ба моҳ хабар дод.

Ҳасани Солория, раиси Созмони фазоии Эрон рӯзи шанбе дар маросими ифтитоҳияи ҳафтаи ҷаҳонии фазо дар Теҳрон гуфт: Яке аз муҳимтарин барномаҳои Созмони фазоии Эрон, тавсеаи капсулҳои зистӣ ва саккӯҳои таҳқиқотии бозгаштпазир бо қобилияти ҳидояту кантроли дақиқ аст, ки ба унвони озмоишгоҳҳои фазоӣ, имкони иҷрои озмӯнҳои зермадорӣ ва мадорӣ дар заминаи зистфазо ва асароти ташаъшуъот, дамо ва фишорро фароҳам мекунанд.

Ба гузориши Порс Тудей, Солория афзуд, пас аз партоби муваффақи капсули 500 килограмӣ дар соли 1402, мароҳили таҳқиқу тавсеаи насли ҷадиде аз ин саккӯҳо оғоз шуда ва тестҳои зерсистемаҳои он ба зудӣ анҷом хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин аз ҳамкорӣ бо Чин дар пружаи фазоии моҳнишини “Чонг 8” хабар дод ва тасреҳ кард: Ин ҳамкорӣ, ки аз соли гузашта оғоз шуда, акнӯн ба поёни марҳалаи тарроҳӣ, расида ва сохти намунаи муҳандисии он дар остонаи оғоз аст.

Солория бо ишора ба партоби муваффақи моҳвораҳои “Порс 1” ва “Ноҳид 2”-и Эрон низ эълом кард: Наслҳои баъдии ин моҳвораҳо бо ислоҳоти фаннии лозим омодаи партоб ҳастанду моҳвораи “Порс 2” низ дар марҳалаи тестҳои ниҳоӣ қарор дорад.

Тазоҳуроти густардаи мардумӣ дар Италия, Испания ва Португалия дар ҳимоят аз мардуми Ғазза

Мардуми Италия, Испания ва Португалия бо баргузории тазоҳуроти густарда, зимни маҳкӯм кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ, бо мардуми Фаластин эъломи ҳамбастагӣ карданд. Онон ҳамчунин хостори озодии аъзои новгони ҷаҳонии «Сумуд» шуданд, ки тавассути режими саҳюнистӣ боздошт шудаанд.

Шайх Наъим Қосим: Тарҳи Трамп барои Ғазза, пур аз хатар аст

Шайх Наъим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи шанбе дар маросими аввалин солгарди шаҳодати Шайх Набил Қовуқ ва Саидсаҳил Ал Ҳусайнӣ, аз чеҳраҳои барҷастаи муқовимати исломии Лубнон гуфт: Тарҳи Трамп барои Ғазза, пур аз хатар аст, зеро комилан бо хостаҳо ва аҳдофи режими саҳюнистӣ мунсаҷим ва ҳамоҳанг аст. Вай афзуд, Исроил барои иҷрои пружаи “Исроили бузург”, талош ва Амрико ҳам ба таври комил аз он ҳимоят мекунад, аз ин рӯ, ҳар гоме, ки дар ин росто мебинед, бахше аз пружаи “Исроили бузург” аст.

Муътаризон дар Гурҷистон вориди муҳавватаи иқоматгоҳи раисиҷумҳур шуданд

Муътаризони ғарбгаро дар Гурҷистон ба самти Кохи раёсатҷумҳурӣ тазоҳурот карда ва бо убӯр аз мавонеъи оҳанӣ, вориди муҳавватаи иқоматгоҳи раисиҷумҳури кишварашон шуданд. Неруҳои полиси Гурҷистон ҳам бо тазоҳуроткунандагон даргир шуданд ва ба сӯи муътаризон газиашковар партоб карданд. Гурҷистон аз замони интихоботи соли гузаштаи милодӣ ба ошӯб кашида шуд, зеро давлати ҳоким қавонинеро барои кантроли афроди муртабит бо Ғарб ироа кард ва чашмандозҳои идғом дар Иттиҳодияи Аврупоро канор гузошт.

Трамп дастури эъзоми 300 неруи Горди миллӣ ба Чикагоро содир кард

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дастур дод то 300 неруи Горди миллӣ барои «ҳифозат аз мақомҳо ва амокини федерол» ба Чикаго дар иёлати Иллинойс эъзом шаванд. Ин тасмим пас аз он эълом шуд, ки вазорати амнияти дохилии Амрико эълом кард, ки як мақоми федерол дар Чикаго рӯзи шанбе ба «як шаҳрванди мусаллаҳ» шиллик кард. Ин шаҳрванд бар асари ин тирандозӣ захмӣ шуд.

Кореяи Шимолӣ «таҷҳизоти вижае»-ро алайҳи аҳдофи Амрико дар шибҳи ҷазираи Корея мустақар кард

Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфт, ки Пхенян дар вокуниш ба ороиши низомии Амрико дар шибҳи ҷазираи Корея, «таҷҳизоти вижаи худро алайҳи аҳдофи бузург» мустақар кардааст. Вай афзуд, иттиҳоди ҳастаии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ ба суръат дар ҳоли пешрафт аст ва онҳо размоишҳои гӯногӯне барои иҷрои сенарияҳои хатарнок анҷом медиҳанд.

Ҳимояти яманиҳо аз мардуми Ғазза бо ҳамла ба арозии ишғолӣ

Манобеи расонаӣ аз шиллики як мӯшак аз хоки Яман ба самти арозии ишғолӣ ва фаъол шудани ожирҳои хатар дар чанд минтақа хабар доданд. Шабакаи “Канали 12”- иИсроил низ гузориш дод, ки дар пайи шиллики мӯшак аз Яман, ҳарими ҳавоии фурудгоҳи Бен-Гурион ба таври муваққат баста ва парвозҳо мутаваққиф шудааст.

Ҳамос: Ҳамалоти Исроил дар Ғазза, дурӯғҳои Натаняҳуро бармало мекунад

Ҷунбиши Ҳамос шомгоҳи шанбе дар баёнияе эълом кард: Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба иртикоби ҷиноёту ҳамалоти ваҳшиёна алайҳи миллати Фаластин дар Борикаи Ғазза идома медиҳад, ки ин ҳамалот дурӯғҳои сарони Тел Авив мабнӣ бар мувофиқат бо тарҳи оташбаси Трампро бармало мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha